РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вакили Маҷлиси намояндагон дар нишасти 50-уми Комиссияи махсуси СҲИ иштирок кард

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи одоби парлумони касбии мамлакат Файзулло Баротзода дар нишасти 50-уми Комиссияи махсус оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва экологии Кумитаи иҷроияи Ассамблеяи парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки дар робита ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист ва экология Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати осебпазир қарор дорад ва ҳамасола ҳолатҳои обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳад, ки боиси талафот мегардад. Аз ин сабаб барои паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030» амалӣ менамояд. Ин Стратегия барои баланд бардоштани иқтидори технологияҳои сабз равона гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» мавқеи пешсафиро доро аст ва 98 фоизи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол менамояд. Рушди энергетика дар  заминаи пешбурди «иқтисоди сабз» боқӣ мемонад. Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» мавриди татбиқ қарор дорад.

Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин илова намуд, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, ба камшавии захираҳои обӣ, олудашавии муҳити экологӣ ва  обшавии босуръати пиряхҳо таъсири ногувор дорад. Маҳз пиряхҳо шаст фоизи ташаккули обҳои минтақаи Осиёи Марказиро таъмин менамоянд. Ҳоло тақрибан як ҳазор пирях аз маҷмуи умумии 13 ҳазор кам гардидааст. Аз ин ҷиҳат, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март — «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардид. Ҳамчунин Фонди ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд ва Тоҷикистон тасмим гирифтааст саҳми молиявии худро ба ин Фонди мақсаднок гузорад.

Дар хотима таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ ҳаллу фасли мушкилоти экология ва тағйирёбии иқлим андешидани тадбирҳои дастҷамъона ва ҳадафнокро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар ин самт пайгирона идома хоҳад дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram