РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё ба шаҳри Боку сафар намуд

Имрӯз бо даъвати Раиси  Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова ва Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷид Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи пардумонии Осиё ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иҷлосия 19-26 феврал баргузор шуда, рӯзномаи он як қатор масъалаҳо, аз ҷумла тасдиқи рӯзнома, интихоби бюро, маърӯзаи Раиси Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроия, суханронии Дабири кулли Ассамблея, баррасии лоиҳаҳои қарорҳои комиссияҳои доимӣ доир ба рушди иқтисодӣ ва устувор, буҷет ва банақшагирӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ, инчунин тасдиқи номзадии ноиби Раис барои соли 2024, баррасӣ ва қабули лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 14-уми  Ассамблеяи парлумонии Осиё ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram