РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд.

Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек иштирок намуда суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар самти омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил фаъолона ширкат намуда истодаанд, ки хидматҳои онҳоро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадр менамояд. Чӣ хеле, ки дар Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд карданд «Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хидмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эҳтирому обрӯ гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати дастгирии ҳунармандзанон ва омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, умед бар он дорад, ки занону духтарони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат илҳоми тоза гирифта, ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ саъю талош хоҳад бурд. Дар озмун аз ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ, литсейи касби техникии ноҳия кадбонуҳо иштирок намуданд. Озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” ин тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хурушҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад. Ҳамин аст, ки баргузории он давоми солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст.

Мақсади озмун ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳалии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ арзёбӣ гардидааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ беҳтарин кадбонуҳо аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ ва литсейи касбу техникӣ соҳиби мукофот ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram