РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Бахшида ба 31- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошад, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии мамлакат, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Мояи ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбӣ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки ба пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватан хатари зиёд таҳдид менамуд, бетараф намонд».

Иштирокдорони ҷамъомад доир ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ гуфтанд, ки Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда, афсарону сарбозони содиқро барои ҳифзи марзу буми Ватан тарбия менамояд.


Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар шароити бисёр ҳам мураккабу ҳассос таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ намуда, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳм гузорем.

Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди ташаккул расида, бобати ҳифзи марзу буми мо ба ниҳоди муташаккил табдил ёфтааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷуда ниҳоди ҳарбии давлатӣ буда,  барои ҳифзи тамомияти арзии мамлакат вазифадор мебошад.

Дар ҳамоиш як зумра афсарони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарафароз гардонида шуда, барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешкаши иштирокдорон гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram