РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи таъсисёбии кишвари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнӣ баргузор гардид

Дирӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии кишвари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар кори намоиш намояндагии корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кормандону роҳбарияти Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар ибтидоии намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон ба сухан баромада, зикр намуд, ки ҳамасола 22 феврал Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъсисёбии кишварро бо номи «Рӯзи таъсис» ба соли 1139 ҳиҷрии қамарӣ, ки ба 22 феврали соли 1927 мелодӣ рост меояд, таҷлил мекунад.
Ҳамзамон, дар намоиш аксҳое, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд, ба маърази тамошобинон гузошта шуданд.
Меҳмонон бо тамошои намоиши мазкур бори дигар бо таърихи қадим ва навтарини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз наздик шинос шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram