РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд

Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо роҳбарии муовини якуми директори Мактаби Ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон нигораҳо ва дигар ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки инъикосгари таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии халқи тоҷик мебошанд, муаррифӣ гардиданд.

Муовини якуми директори Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон сабт кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram