РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили 31-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

​Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумита, кормандони шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок доштанд.

​Нахуст раиси Кумита Камолиддин Муминзод ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда ва умумимиллӣ 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 сол муқаддам Артиши миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ баҳри таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоишта созмон дода шуд.

Иброз дошта шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб рафта, таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи басо хоса дорад.

Имрӯз Артиши миллии кишвари азизамон зери раҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.

​Баъд аз маърузаи раиси Кумита намояндагони шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита суханронӣ намуда оид ба мақому манзалати Артиши миллӣ дар таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ибрози андешаронӣ намуданд.

​Дар фарҷоми ҳамоиш бо фармоиши раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ба кормандони шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати сайёҳӣ, таъмини амнияти сайёҳҳон ва хизмати содиқона ба халқуқ ватан бо “Ифтихорномаҳо” қадршиносӣ карда шуданд.

​Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram