РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Муассисаи фарҳангии ЭКО «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» баргузор шуд

Маросими «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» бо ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии ЭКО асри панҷшанбе, 22 феврали соли 2024 дар қароргоҳи ин Муассиса баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин маросим ибтидо доктор Низомиддин Зоҳидӣ-Сафири Тоҷикистон дар Эрон меҳмононро хайрамақдам гуфт ва роҷеъ ба ҷойгоҳи «Шашмақом» ва «Фалак»-мусиқии суннатии тоҷикӣ, ки дар феҳристи мероси номалмуси ЮНЕСКО ба сабт расидааст, суханронӣ намуд. Сафири Тоҷикистон ёдовар шуд, ки пас аз касби Истиқлоли ин кишвар ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба рушди ин навъи мусиқӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, онро дар дохил ва хориҷ густариш дод. Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи «Шашмақом» ва «Фалак» таҷлил мегардад ва овозхонҳои тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат ва ҷоизаҳои зиёдеро ба даст овардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар идома оид ба тарвиҷу таъмиқи пайвандҳои фарҳангии ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон ишора намуда, баргузории «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон»-ро намунае аз ин таомулот тавсиф намуд.

Сипас, Давлат Сафарзода-муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон ба Эрон зимни муҳим хондани ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар таъкид намуд ин ҳамкориҳо рӯз ба рӯз амиқтару бештар мешаванд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин перомуни нақши фарҳанг дар баҳамойии миллатҳо ёдовар шуда, аз рушду нумуӣ ҳамарӯзаи он изҳори қадрдонӣ намуд.

Сипас, навозандаю овозхонҳои машҳури тоҷик барои ҳозирон намунаҳое аз «Шашмақом» ва «Фалак»-ро пешкаш намуданд, ки бо истиқболи самимонаи аҳли нишаст мувоҷеҳ гардид.

Дар идомаи ин маҳфил видео аз ҳамкории Устоди равоншод Давлатманди Хол бо Шаҳроми Нозирӣ-хонандаи саршиноси эронӣ пахш ва ду нафар аз навозандагон ва шогирдони Устод Давлатманд оҳанги «Ҳилат раҳо кун ошиқо»-ро иҷро намуданд.

Дар ин нишаст «Лавҳи тақдир» аз сӯи ҳунармандони пешгоми эронӣ ба устод Давлатманд эҳдо гардид.

Ҳамчунин, аз китоби «Тарозӯи чашм», маҷмӯаи ашъори Давлат Сафарзода, ки чанде пеш аз тариқи интишороти «Орван»-и Теҳрон бо форсӣ мунташир гардид, рӯнамоӣ шуд. Давлат Сафар-муаллифи китоб бо қироати чанд шеър хотири ҳозиронро шод намуд.

Меҳмонон дар ин маросим аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ, либосҳои миллӣ ва осори наққошони тоҷик боздид намуданд.

Дар ин барнома сафирони муқими Теҳрон, ҳунармандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ, сафирони собиқи Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram