Сипари боътимоди Ватани маҳбубамон — Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 2024 31-солагии таъсисёбиашро таҷлил мекунад. Ин иди на фақат онҳоест, ки дар бар либоси низомӣ доранд, балки иди ҳар яки мост, ки Ватани азизро чун ҷонамон, чун Модарамон дӯст медорем.
Баъди инқирози Иттиҳоди Шӯравӣ кишвар гирифтори вазъи печидаи сиёсиву муноқишоти дохилӣ буд ва барои бунёди Қувваҳои мусаллаҳи он ҳеҷ заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Вазъи душвори сиёсӣ-иқтисодии он давра имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад. Дар ин давра норасоии мутахассисони касбӣ низ ба назар мерасид. Метавон гуфт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни доштани пойгоҳҳо ва имконоти аз қабл омода ташкил гардида ба кори худ оғоз намуд. Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳо оид ба ташкили Артиши миллӣ ба имзо расида буд. Боиси таассуф аст, ки низоъу нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд.
Аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, таъсис дода шуд. 18-уми декабри соли 1993 генерал-майор А.В. Шишляников вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки ба ташкили нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳо шурӯъ намуд. Бо роҳбарии ӯ аввалин намоиши сафороӣ ва расми гузашти тантанавии низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврали соли 1993 хотирмону фаромӯшнашаванда сурат гирифт, ки онро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Намоиш нишон дод, ки роҳбарияти ҳукумати навташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиддӣ машғул аст. Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми июни соли 1993 Қарорро “Дар бораи сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонд. Инчунин, зимни ин қарор сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бори дигар мавриди муҳокима қарор дода, бо ислоҳу тағйироти муҳим сохтори нави онро тасдиқ кард. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон се марҳиларо паси сар намуд. Мақсади асосии марҳилаи аввали таъсиси Артиши миллӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлол, ҳифзи якпорчагии хоки Ватан ва оромию осоиштагиро дошта бошад. Дар ин давра таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, Қонунҳо “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул карда шуданд.
Ҳаллу фасл ва такмили корҳои ташкилӣ, муқаррар намудани номгӯйи вазифаҳову муайян кардани таркиби онҳо, инчунин таҳияи низомномаву оинномаҳо марҳилаи дуюми ташаккули Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дар ин давра навъҳои асосии қӯшунҳои Артиши миллии Тоҷикистон, аз қабили Қушӯнҳои хушкигард, Қушӯнҳои ҳарбиву ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳуҷуми ҳавоӣ таъсис ёфтанд.
Баъди расидан ба Ваҳдати миллӣ марҳилаи сеюми хотимавии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.Ва даври асосӣ бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қушӯнҳои хушкигард, Қушӯнҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “вазъи ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди тақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб,”ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад,ки барои таъмини амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ биандешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин кардани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун поягузори Артиши миллӣ ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҳкими фаъолияти он ҳамеша таваҷҷуҳи ҷиддие зоҳир намуданд. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти кишварро таъмин менамояд.
Тайи фаъолияти худ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамаи лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ, садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои Истиқлол фидокориву ҷасорат нишон доданд. Дар давоми 31 соли фаъолияти Артиши миллӣ ҳайати шахсӣ дар чандин машқҳои муштарак бо артиши давлатҳои хориҷӣ иштирок намуд. Ҳамкориҳои ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва Созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол ривоҷу равнақ меёбад. Имрӯз сафи Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки онҳоро муассисаҳои таълимии ҳарбии дохилию хориҷӣ омода мекунад, мукаммал гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар ба мардум, баландтар бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд,ки “аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд карда шавад”. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат тамоми кормандони соҳаи ҳарбиро ба талошу садоқату матонати бештар дар ҷодаи ҳифзи Ватани маҳбуб ҳидоят мекунад.
Ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ, бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмуи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар ҳисоби неруҳои эҳтиётӣ қарордошта ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохилии кишвар истифода шуданд.
Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
Давоми 31-соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонбо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар ҳамчун кадрҳои соҳавӣ тарбият ёфтаанд, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ ба ҳайси нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва ғайра сарбаландона фаъолият доранд.
Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷии дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рӯи 17 ихтисос хатм менамоянд, наздики 5000 нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.
Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 20-уми феврали соли 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд. Он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию руҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин намуд.
Дар самти рушду нумӯи Артиши миллӣ давоми 31 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, ҷавобгӯйи меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, навъҳои қушӯни Артиши миллӣ ва марказҳои таълимии он сохтмону азнавсозии бинову иншооти ҳарбӣ бомаром идома дорад.
Имрӯз аз сарбози қаторӣ сар карда, то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа таҳти шиори “Соли 2024-ум — соли омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ” фаъолият намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар таърихи 31-солаи Артиши миллии худ собит намуд, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат хизматҳои беназир намудааст. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, чи тавр муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”