РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамоиш доир шуд

26 феврал дар ҷумҳурӣ Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар дар пояи муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ» — и шаҳри Душанбе бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ ва қабули тантанавии аъзои нав ба зинаи «Ворисони Сомониён» — и Созмони мазкур баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, собиқадорони соҳа ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкилоти худидораи хонандагон буда, ҳадафи асосии он тарбияи насли наврас, хоса мактаббачагон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон, омӯзгорон ва падару модарон мебошад.

Созмони хонандагон ба воситаи се зина – «Ахтарон» (синфҳои 1-4), «Ворисони Сомониён» (синфҳои 5-9) ва «Сомониён» (инфҳои10-11) фаъолияти худро амалӣ менамояд.

Дар тӯли фаъолияти 24 сола Созмони хонандагон дар пешбурди корҳои тарбиявӣ ҳамчун ҳаракати ҷамъиятии хонандагон ба сифати шарики ҳамкори муассисаҳои таълимӣ баромад намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас дорад.

Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватанпарастии насли наврас таъсиргузор буда, як навъ татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки дар маросими имрӯза зиёда аз 200 нафар хонандагони умассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо ёд кардани савганди тантанавӣ ба сафи Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ қабул гардида, қавл доданд, ки барои хизмат ба халқу Ватан ҳамеша омода ҳастанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram