РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили рушди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии кӯдакону наврасон” конференсия баргузор гардид

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки ба сафи зинаи “Ворисони сомониён” қабул гардиданд, бахшида ба 24 – солагии таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ конференсия дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили рушди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии кӯдакону наврасон” баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар конференсия роҳбари Созмони хонандагони МДТ Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон” – Савруллои Абдулвоиз дар мавзуи “Фаъолияти Созмони хонандагон аз рӯйи самтҳо дар МДТ литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”; раиси Шӯрои Созмони хонандагони МТМУ №124-и ноҳияи Фирдавсӣ – Эмомова Миҷгона дар мавзуи “Созмони хонандагон дар сулҳу ваҳдат” ва дигарон баромад намуда, нақши Созмони хонандагонро дар тарбияи насли наврас, хоса мактаббачагон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram