РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали VIII байналмилалии донишҷӯён «Як фазо барои ҳама» дар Москва иштирок намуданд

Дар Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва Фестивали VIII байналмилалии донишҷӯён «Як фазо барои ҳама» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар фестивал донишҷӯёни тоҷике, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, иштирок карда, мероси фарҳангии  Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки фестивал ба таҳкими равобити дӯстона байни   созмонҳои ҷавонони ин донишгоҳ равона гардидааст.

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва 23 донишҷӯи Тоҷикистон таҳсил намуда, хатмкунандагони он дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона  фаъолият доранд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram