РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана мулоқот кард

Дар доираи ҳамкориҳои пурсамари Бонк бо ташкилотҳои молиявиии байналхалқӣ санаи 27 феврали соли 2024, мулоқоти маҷозии дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана Питер Саимонс оид ба густариш додани ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳоди молиявии байналхалқӣ, баргузор гардид.  Дар ин бора аз КВД БА ҶТ “Амонатбонк” хабар доданд.

Қайд кардан ба марид аст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатманди намуда, иброз доштанд, ки дар ояндаи наздик Нақшаи кории муштарак таҳия намуда, муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав қарор диҳанд.

Боиси ёдоварист, ки ки Амонатбонк аз соли 2004 инҷониб, аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана буда, то имрўз бо ин ниҳоди байналмилалӣ дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ намуда истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram