РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ бо мақсади омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон намоиш ва семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ниёгон намоиш ва семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми Осорхонаи миллӣ дар кашф ва омӯзиши мероси бостонии миллати тоҷик” баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар кори намоиш ва семинари илмӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор”, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, донишҷӯёни факултаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Россия- Тоҷикистон, намояндагони Васоити ахбори умум ва роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо доир ба нақши мутахассисон ва бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар самти ҷамъоварӣ, ҳифзу омӯзиш ва муарифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар намоиш бозёфтҳои нодири таърихие, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои Хоҷа Муфарраҷи шаҳри Ҳисор ва Тахти Шоҳии шаҳри Душанбе пайдо гардиданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар қисмати ҳамоиши илмӣ аз ҷониби мутахассисон ва бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар мавзуъҳои “Мавқеи Осорхонаи миллӣ дар кашф ва пажуҳиши ёдгориҳои бостонии миллати тоҷик”, “Водии Ҳисор дар масири таърих”, “Кулолгарӣ дар замони Кушониён (дар мисоли шаҳраки кушонии Сайёд ва Чимқурғон)”, “Таърихи бозёфт ва омӯзиши ёдгории Алмосӣ” ва “Ду кашфиёти нодир” гузоришҳои илмӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram