5 марти соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар робита ба мавзуи вазъи фалокатбори Фаластин ширкат намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷоми иқдоми муассирро ҷиҳати оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа даъват ба амал овард.