РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

12 март, соати 9:00 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023 – 2028» ва ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, арзёбии татбиқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар амал татбиқ гардидани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram