РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» доир гардид

Бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон ва бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ 10 марти соли 2024 дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр» — и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуровдаври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар даври вилоятии озмун хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.
Озмуни аз рӯйи бахшҳои «Лалакпарронӣ», «Бодпаракпаррноӣ», «Ҳаппабозӣ», «Лакпарбозӣ», «Ланкабозӣ», «Ошуқбозӣ», «Чиллакбозӣ», «Арғамчинбозӣ» гузаронида шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастгардида ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки озмуни вилоятии Бозиҳои миллӣ беш аз 22 сол инҷониб бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии Суғд ташкил ва баргузор карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram