РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» оғоз гардид

Имрӯз, 20 март дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» оғоз гардид. Дар ин бора радиои «Фарҳанг» хабар медиҳад.

Фестивал аз ду қисмат иборат буда, қисми аввали ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва қисмати дуюм бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ дар «Боғи Ирам»-и пойтахт гузаронида мешавад.

Фестивал соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти беназираш яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳри ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи намоиш баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешкаш мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram