РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор шуд

Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин бахшида ба иди Наврӯз барои дарёфти Шоҳҷоизаи раиси вилоят — электромобил баргузор гардид, ки дар ифтитоҳи он раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок намуда, меҳмонон, варзишгарон ва сокинонро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Зикр гардид , ки имрӯзҳо дар саросари Ватани азизамон тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз идома доранд ва дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон мардуми шарифи тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик кӯшиш менамояд, ки урфу одот, расму русум ва анъанҳои неки ин оини бостонии ориёиро анҷом диҳад.

Яке аз оинҳои наврӯзӣ ин баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки аз мавҷудияти тарзи ҳаёти солими ниёгони пуршарафи мо гувоҳӣ медиҳад.

Ин анъанаи воло то замони соҳибистиқлолӣ расида, дар тӯли 33 соли мавҷудияти давлатдории навини тоҷикон барои таҳкими тарзи ҳаёти солим ва умуман равнақи соҳаи варзиш таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурит Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти калон дода шуда, равнақи он ҳамчун сиёсати стратегӣ ба шумор меравад.

Дар ин ҷода варзишгарони вилояти мо низ саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Бо мақсади дар сатҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, тавсеа ва густариши варзиш, ҷалби ҳар чӣ бештари варзишгарон ба мусобиқаҳо ва эҳёю тарғиби бозиҳои миллӣ аз ҷониби МИҲД вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, — зикр дошт раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ.

Зимнан, бояд қайд намуд, ки дар маъракаи идона, баробари гӯштини миллӣ, ҳамчунин, дигар бозиҳои миллии аҷдодиямон баргузор мешаванд.

Таъкид гардид, ки ки дар ин чорабинии муҳташам, зиёда аз 150 паҳлавони номдор, аз он ҷумла, ҳафт бону, ҳам аз дохили кишвар ва ҳам берун аз он ширкат варзида, рафти мусобиқаро ҳайати доварони сатҳи байналмилалӣ, ки дар байнашон намояндаи Узбекистон ҳузур доранд, доварӣ мекунанд.

Умеду эътиқоди устувор дорем, ки бо мусоидати Роҳбарияти Олии мамлакат, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи мардуми Бадахшонзамин, алалхусус, насли ҷавон, соҳаи варзиш дар вилоят боз ҳам рушд намуда, аз байни онҳо ҷаҳонпаҳлавонҳои зиёди номусбардори миллат ба воя хоҳанд расид.

Айни ҳол сабқат оғоз гардида, то бегоҳ давом хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram