РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Спитамен кишти пахта оғоз ёфт

Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен дар наздик 6500 гектар пахта кишт мекунанд.​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба кишти пахта оғоз бахшида, барои вусъатбахшии корҳои саҳроӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда ба охир расонидани кишти зироатҳо, риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки бояд обу замин самаранок истифода бурда шуда, ҳосилнокии зироатҳо баланд бардошта шавад.

Бо назардошти саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби давлат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Пахта ашёи хоми саноатӣ буда, фаъолияти муназзами корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, ресандагиву бофандагӣ аз он вобаста мебошад.

Дар суҳбат бо собиқадорони соҳаи кишоварзӣ ва масъулони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъкид карда шуд, ки пеш аз ҳама ба структураи кишти зироатҳо аҳамияти хоса дода шавад.​

Сипас, роҳбари вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Икром Неъматовро хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram