Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҷониби Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин боар аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Форум бо иштироки роҳбарони академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо назардошти баррасии нақшаи фаъолияти муштараки соли 2024 оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ мансуб ба идораи давлатӣ, барномаҳои муштараки омӯзиши кадрҳои хизмати давлатӣ, ташкили машғулияти такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Ректори Академия дар форум вобаста ба аҳамияти ҳамкории академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чолишҳо ва ҳадафҳои муштарак, рушди ҳамкорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ сухан намуд.
Дар нимаи дуюми форум ҷаласаи Шурои ҷамъиятии ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ доир гардида, ректори Академия ҳамчун узви нави Шурои ҷамъиятии ин ташкилот муаррифӣ ва таъйин гардид.
Бояд гуфт, ки Академияи идоракунии давлатӣ аз соли 2016 аъзои комилҳуқуқи Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон дар доираи сафар баррасии масъалаи идомаи барномаҳои омӯзишӣ бо ташкили мавзуъҳои ҷолибу муосир дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шурои ҷамъиятии ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ маросими баимзорасии созишномаҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки дар он байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия созишномаи иловагии ҳамкорӣ оид ба ташкил ва гузаронидани 2 машғулияти кӯтоҳмуддати такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба имзо расид.