Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дар амал татбиқ намудани қарори раиси вилоят «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят баҳри дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Суғд оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 гузаронида мешавад.
Грантҳои Раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд-занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкориву ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат менамояд, ба андозаи зерин: 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ; 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ; 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо мешавад.
Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи пешниҳод намудани лоиҳа аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастрас намоянд.
Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ ва баргардонида намешаванд.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 1 апрел то 31 майи соли 2024 муқаррар шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид.
Мутобиқи ин қарор, давоми солҳои 2024 – 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:
– дар соли 2024 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;
– дар соли 2025 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;
– дар соли 2026 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ.