2 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пиннаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.