РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон чорабинии ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида мешавад

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола санаи 7 апрел дар саросари олам қайд карда мешавад, пагоҳ, 6 апрели соли равон аз соати 7.00 то соати 12.00 дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявии ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Дар доираи чорабинии мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон мегузаронанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сӯҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин маъракаи солимгардонӣ ҳамзамон дар дигар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ баргузор карда мешавад.

Аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин чорабинӣ иштирок намудаву аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намоянд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола бо шиорҳои гуногун қайд гардида, соли ҷорӣ он таҳти шиори «Саломатии ман-ҳуқуқи ман» қайд карда хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram