РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод

Имрӯз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид. Дар ин хусус Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ин мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад. Сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркманистон, пеш аз ҳама, ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои Пешвои миллии халқи туркман муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вобаста аст.

Таъкид шуд, ки Туркманистон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд.


Иброз гардид, ки Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон яке аз аввалин гурӯҳҳое аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси Парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

«Мо инчунин метавонем кори гурӯҳи дӯстиро оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, бахусус дар заминаи равандҳои ҳамгироӣ идома диҳем ва мутобиқан аз имконияти ҳамкорӣ пурратар истифода намоем. Бовар дорем, ки табодули ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ ба рушди ин самти ҳамкорӣ мусоидат менамояд», — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram