РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 16 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Фарҳанг» Махфират Зарифӣ хабар дод.

Ҳадаф аз баргузор намудани фестивал- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Фестивал тӯли як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуд, дар доираи он ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуну маҳфилҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки мақсад аз он дарёфти  чунин истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram