РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек» намоиш дода шуд

Дирӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои узбек дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки соли 1964 бо коргардонии Латиф Файзиев рӯйи навор омадааст, ба алоқамандони синамо намоиш дода шуд. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филм таърихию тарҷумаиҳолӣ буда, дар бораи ҳаёти маърифатпарвар, олим ва мунаҷҷим султон Мирзо Улуғбек қисса мекунад.

Ҳошим Гадоев нақши шоҳзода Абдуллатиф- писари Мирзо Улуғбекро дар филми мазкур хотирмон офаридааст.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳозиринро хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳошим Гадо ибрози андеша намуда, саҳми ҳунарпешаро дар рушду пешрафти соҳаи театру синамо мондагор арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки Нақшҳои хотирмону дилангези ӯ дар саҳнаҳои театру синамои миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҳунарпеша дар дили мухлисон ҷо гирад.

Нақшофарии ӯ дар синамои тоҷик аз хотири тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ зудуда нахоҳад шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳошим Гадо бо як қатор ҷоизаю мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» ва нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Дар идома, ба хотири қадршиносӣ ба ҳунарпеша туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон, аҳли зиё, алоқамандони синамо, коршиносону мутахассисони соҳа, синамогарон ва ходимони ҷамъиятию давлатӣ филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек»-ро тамошо намуданд.

Хотирнишон менамоем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек идома дорад.

Маросими расмии ихтитоми Рӯзҳои синамои узбек 19-уми апрели соли 2024 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов анҷом хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram