РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Синамогарони Узбекистонро дар шаҳри Ваҳдат гарму самимӣ пешвоз гирифтанд

Имрӯздар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон ва баргузории Рӯзҳои синамои узбек синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳри Ваҳдат дидан намуданд. Дар ин бора аз МД «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ҳайати синамогони узбекро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳмоннавози шаҳри Ваҳдат тибқи анъаноти меҳмондории тоҷикона, таҳти садои мусиқӣ ва шодию сурур пешвоз гирифтанд.

Баъдан барои алоқамандону ҳаводорони синамо, коршиносону мутахассисони соҳа филми ҳунарии «Абдулло Орифов» коргардон М.Эркинов манзур гардид.

Нахуст, синамогарони узбек ба иштирокдорони чорабинӣ муаррифию ошно гардида, суҳбати гарму самимӣ доир карда шуд.

Изҳори хушунудӣ карда шуд, ки баргузории Рӯзҳои синамои узбек, омили тавсеа ва таҳкими робитаҳои дӯстию бародарона ва пайвандию қаробати ду халқи ҳамсоя мебошад.

Синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик, минҷумла ба Роҳбарияти Олии кишвар сипосу миннатдории беандозаи изхор намуданд.

Хотирнишон менамоем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек идома меёбад.

Маросими расмии ихтитоми Рӯзҳои синамои узбек 19-уми апрели соли 2024 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов анҷом мапазирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram