РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ “KOPIST-2024” иштирок кард

Рӯзҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ “KOPIST-2024” баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин иштирок намуд.

Зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло оид ба зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ маълумоти муфасасал манзур намуданд.

Мавсуф зикр намуданд, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дорад, фароҳам овардааст.

Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ “KOPIST-2024” аз ҷониби Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея ташкил ва баргузор гардида, дар он дар баробари кишвари мо намояндагони соҳаи сайёҳии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ низ иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram