Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонун «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дустмуродзода, вакилони мардумӣ Фозил Обидзода, Азиз Гиёзода муаррифӣ намуданд.