РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Тоҷикфилм»: Наворбардории филми ҳунарии «Виҷдон» идома дорад

Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ наворбардории филми ҳунарии «Виҷдон» бо коргардонии Соҳибёр Толиб идома дорад. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Саҳнаҳои филм дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Рӯдакӣ, Варзоб, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бозори «Меҳргон» рӯйи навор омада, ҳунарпешаҳои театру синамои тоҷик барои нақшофарӣ ҷалб гардидаанд.

Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар раванди филмбардорӣ фаъолона ширкат намуда, барои дар сатҳи муносиб наворбардорӣ шудани филм саҳми босазо мегузоранд.

Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир мекунад. Бо хотираҳои шуравӣ зистани пирамард ва баҳси ӯ бо хонавода арзишҳои соҳибистоқлолии давлатро рӯшан мекунад. Фаъолияти яке аз шахсиятҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад.

Дар пасманзари филм ҳунарҳои мардумӣ, таому либосҳои миллӣ, маконҳои сайёҳию таърихӣ ва анъанаю маросимҳои миллӣ таҷассум гардида, ба тарғибу муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Филми ҳунарии «Виҷдон» муаллиф ва коргардони таҳиягар Соҳибёр Толиб, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, рассом Фидо Азизмамадов, рассоми либос Эраҷшоҳ Искандаров ва директори филм Субҳон Идиев мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram