РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ шуд

Бо мақсади иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №50 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон, тибқи фармоиши мазкур ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар тавсия дода шудааст, ки барои ба таври васеъ истифода ва тарѓибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавсифи рамзи

«Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудааст. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад. Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram