РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби «Бозгашт»-и коргардони тоҷик Комил Ёрматов дар шаклу сифати баланд бознашр шуд

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба 120-солагии коргардони тоҷик Комил Ёрматов китоби «Бозгашт»-и ӯро дар шаклу сифати баланд бознашр намуд, ки дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба меҳмонон ва алоқамандони синамо тақдим карда шуд. Дар ин бора аз МД «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Китоби «Бозгашт» хотираву ёддоштҳои муаллифро фаро гирифта аз рӯзгори пур печутоб ва хотирмони ҳунарпеша ва коргардони маъруф қисса мекунад, ки басо ҷолиб ва хонданибоб арзёбӣ мегардад. Мутолиа китоб ба ҳамагон тавсия дода мешавад.

Шакли электронии китоби «Бозгашт» ба забони русӣ дар сомонаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷой дода шудааст.

Китоби мазкурро аз сомонаи www.tojikfilm.tj дастрас намудан мумкин аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram