РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгории Узбекистон-Финландия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар робита ба ин, санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистону-Финландия (Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баста шуд.

Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Негматова Шаҳзода Шуҳратовна, ректори Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистону-Финландия ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳуҷҷати мазкур ба донишҷӯёну олимони муассисаҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва пешрафти омӯзиши мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои тадқиқотии мувофиқашуда, мубодилаи маълумот ва нашри мавод дар нашрияҳои даврии илмӣ имконияти хуб медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ айни замон бо 119 муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram