РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хатлон раванди татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ баррасӣ шуд

Дар шаҳри Норак ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ ҷараён дорад. Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ бахшида, доир ба рафти амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 дар вилояти Хатлон сухан гуфт. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар шаҳри Норак ибрози назар кард.

Аъзои Шуро доир ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи корӣ, саҳми Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯи ҷаласа гузоришҳои масъулини Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи вилоят, намояндагони БОҶ СММ дар Тоҷикистонро шуниданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram