РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

24 апрел дар Пленуми 4-уми ғайринавбатии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид. Дар ин хусус аз Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бояд гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошад, ки  дар мактаби роҳбарии Пешвои муаззами миллат маҳорати роҳбариро сайқал дода, аз сабақҳои ин мактаби бузурги давлатдорӣ баҳраи зарурӣ бардоштааст. Чун пайрави содиқи Пешвои миллат дар ҳар мақому сохторе, ки фаъолият кардааст, доим кӯшиш намудааст, ки вазифаашро сидқан ва самимона иҷро намояд. Ҳамин аст, ки дар ҷомеа соҳиби нуфузу обрӯйи хос гаштааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои хизматҳои шоён бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намудааст.

Инчунин дар пленум масъалаҳои ташкил ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни  Ғалаба ва самтҳои фаъолияти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram