РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти маориф ва илм тақвият медиҳанд

24 апрели соли 2024 дар Риёз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири маорифи Арабистони Саудӣ Юсуф ибни Абдуллоҳ Ал-Бунён мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм ва механизмҳои роҳандозии тамосу ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram