РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бонки Исломии Рушд барои рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд

1 майи соли 2024 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Лаура Фригенти баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Завқизода З. А. ба Директори иҷроияи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои саҳмгузорӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаи маорифи кишвар миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин самт то имрӯз тадбирҳои назаррас амалӣ шуданд. ⁠

Қайд гардид, ки барои маблағгузории лоиҳаи маорифи Бонки Исломии Рушд «Лоиҳаи муштараки дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи II (аз маблағи умумии 86 миллион доллар) Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 25 млн. доллар грант саҳмгузорӣ кард. ⁠

Аз хонум Лаура Фригенти дархост гардид, ки барои рушди соҳаи маориф, бахусус сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот минбаъд низ саҳмгузорӣ намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram