РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Подшоҳии Нидерланд Нико Схермерс мулоқот кард

1 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Подшоҳии Нидерланд Нико Схермерсро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ва дурнамои густариши онҳо баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар самти амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон, инчунин таҳдиду чолишҳои замони муосир аз қабили тағйирёбии иқлим ва пайомади онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин росто, баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram