1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Ибраҳим Этҳем Унал — намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, қайд гардид, ки ин ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки боварии комил дорам, мулоқоти имрӯза барои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи вилояти Хатлон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон такони тозае хоҳад бахшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибатҳои гарму дӯстона дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.
— Вилояти Хатлон бо назардошти дастуру ҳидоят ва тавсияҳои Пешвои миллат саъю кӯшиш дорад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бо минтақаҳои Туркия таҳким бахшад, — афзуд раиси вилоят.
Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, дар он наздики 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 270 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Раиси вилояти Хатлон зикр намуданд, ки бо дарназардошти муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ мо бар ин боварем, ки ду кишвари дӯсту бародар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ заминаҳои муносиб доранд.
— Мо бо таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Туркия дар самти сайёҳӣ аз наздик шинос ҳастем. Туркия дорои инфрасохтори пешрафтаи соҳаи сайёҳӣ мебошад ва мо итминон аз он дорем, ки корҳо барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ин самт ҷоннок карда мешавад, — афзуд раиси вилояти Хатлон
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле муҳим мебошад.
Инчунин, ҷонибҳо масоили рушди соҳаи қолинбофӣ, таъсиси корхонаи барориши атласу адрас, маркази омӯзишӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи пиллапарварӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди пӯсту пашм, таъсиси корхонаи хушкмева, обёрӣ, мубориза бар зидди малах, маориф, тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.