РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Садои Душанбе” сершунавандатарин радиои кишвар эътироф гардид

Мувофиқи натиҷагирии Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” имрӯз дар Тоҷикистон аз миёни 10 шабакаи радиоии давлатӣ ва 22 радиоҳои ғайридавлатӣ шабакаи “Садои Душанбе” мақоми аввалро касб намуда, яке аз сершунавандатарин шабакаи радиоии умумимиллӣ эътироф гардидааст. Дар ин бора сомонаи радиои «Садои Душанбе» хабар додааст.

Тибқи раддабандӣ дар зинаи аввал шабакаи “Садои Душанбе” қарор гирифта, ва дар зинаи баъдӣ радиоҳои “Тоҷикистон”, “Овози тоҷик”, “Фарҳанг” ва радиои «Ховар» қарор доранд.

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, дар доираи тадқиқот зиёда аз 2507 ҳазор посухдиҳанда аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ширкат намудаанд. Лоиҳаи тадқиқотиро созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, анҷом додаанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян намудани сатҳи истифодабарии аҳолии Тоҷикистон аз васоити ахбори оммаи ватанӣ, муайян намудани симои корбарон, инчунин ошкор намудани талаботи итилоотии аудиторияи мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram