РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Акси садои сулҳи устод Мирзо Турсунзода

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.           

Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ

Дар чунин рӯз яъне санаи 2-уми май 1911  Мирзо Турсунзода шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики Академияи илмҳои  Тоҷикистон (1951), Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неру ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон (2001) таваллуд шудаанд. Дар ин зимн, хостем назари кутоҳе ба нақши ӯ дар ташфиқу тарғиби рушди эҷоди ҷомеаи сулҳу суботу созандагӣ дошта бошем. Чунонеки дар ҳикмати халқӣ омадааст, «Бузургон шиносанд қадри бузургон» масалест, ки ишора ба он мекунад, ки «қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ». Барои миллати тоҷик ифтихор ва шарафмандист, ки ин миллат аз гӯзаштаи қадим дорои фарзандоне буд ва ҳаст, ки таърих онҳоро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад. Зеро онҳо касоне буданд, ки тамаддун ва адабу фарҳанги миллати моро ба авҷи камол расонданд ва ба ҷаҳониён онро низ нишон доданд.

Дар байни ин фарзандони асили миллат боз касоне буданд, ки бо истифода аз неруи сухан тамаддуну фарҳанги моро ба ҷаҳониён шиносонданд ва исбот карданд, ки миллати тоҷик ҳамеша муқобили зулму ситам буда, озодихоҳӣ ва сулҳпарвариро дӯст медорад. Дар мисоли ин метавон устод Мирзо Турсунзодаро масал зад, ки то имрӯз меҳру муҳаббат ва кӯмакҳои башардӯстии ӯ дар таърих сабт аст. Ва ба қавли шоир…

     Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист,

     Аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро…, боқӣ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки чун шоир фаъолияти эҷодияш аз солҳои 30-ум оғоз намуда, Ватан ва ватандӯстиро чун пояҳои асосии худшиносӣ медонисту  дар шеърҳояш мудовим тарғибу ташвиқ мекард.

Бо тағйирёбии вазъияти геополитикӣ даврони пасоҷангӣ ва густариши ноадолатӣ ва чашмпӯшӣ аз ҳимояи ҳуқуқи мазлумону бечорагон рағбати эҷодии шоирро ба сӯи муноқишаҳову чолишҳои қораи Осиё овард, ки онро бо як раҳму дилсӯзӣ ва меҳру дӯстӣ дар зери садои Сулҳ тасвирбардорӣ карда халқиятҳову мардумонро ба тарафи озодии ҳақиқӣ роҳнамоӣ намуд.

Ҳамин муҳаббату меҳрубонияш буданд, ки имрӯз чун шоири сарояндаи сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровард аст. Дар олам ӯро чун мунодии ҷаҳони безулму истисмор, беҷангу хунрезӣ, ҷаҳони инсонпарвар ва хоҳони хушбахтии инсон эътироф кардаанд.

Ин абармарди таърихро на фақат дар Тоҷикистони имрӯза, балки дар тамоми дунё хусусан манотиқи Осиё ва Африқо мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути нерӯи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард, то ҷаҳонро ба чашми хирад бубинанду бисозанду бироҳанду бигзаранд. Ана ҳамин хирадмандон тавонистанд барои васл кардани аҳли башар камари ҳиммат банданд. Бо ҳамин орзуву ҳавас ин абардмарди таърих бо чунин дурдонаҳои ақлу нақл сари суфраи пур аз ганҷу ҳикмат зери шиори озодӣ, ободӣ, оромӣ ҷамъ шуда, барои васли наслҳои қораи Осиё ва Африқо бедорхобиҳо ва ранҷу заҳматҳо кашид то ноумедиҳои мардумони инҷоро ба хуршедҳои тобон роҳ кушояд ва ба қавли Мавлоно,

     Эй басо коро ки аввал саъб гашт,

     Баъд аз он бикшода шуд сахтӣ гузашт.

     Баъди ноумеди басе уммедҳост,

     Аз паи зулмат басе хуршедҳост.

Бо ҳамин азму иродаи матин вориди саҳнаи муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус Осиё паёми сулҳу оромиро меоварад ва ба онҳо хитоб менамояд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард. Чунон ки мефармояд,

     Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

     Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

     То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

     Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

     Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,

     Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.

Ин паёми сулҳу озодӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки мардумони баъзе аз манотиқи олам зери садоҳои тубу туфанг ва чанкҳои вирусмонанди ҷангӣ қарор доранд. Бояд зикр кард, ки афроди зиёде аз ҷумла пиронсолону хурдсолон зери зулму ситами тиру туфанги даҳшатафканону муҳоҷимон қарор гирифта, замину гулу булбулу обу ҳавои табиат ҳама ба хоку хун табдил шуда истодаанд.

Марому мақсади аслии устод Мирзо Турсунзода ҳимоя ва риояи ҳуқуқи мардумони мазлуму бечора мебошад, ки зери чархаи зулму ҷаҳолат ва бераҳмии ғосибону истеъморгарону муҳоҷимону даҳшатфканон қарор мегиранд.

Дар воқеъ вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, имкони аз нав тақсимбандии он вуҷуд дошта, дорои ғояҳои мутафовитест, ки ҳар як бо дидгоҳи худ чархиши айёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.  Ҳамаи ҷаҳонро ваҳшату даҳшат фаро гирифтаст, ки таҳдиду хатарҳои пай дар пай мардуми сайёраро хатару ноамниҳо фарогирифтааст.  

Ин ҳамаро устод Мирзо Турсунзода кайҳо дарк карда буду аҳли оламро аз он огоҳӣ медод. Ӯ дар бештари суханрониҳои худ  иқтибосҳо аз андарзҳои бузургон аз ҷумла Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём меовард ва ба сухани машҳури онҳо аз қабили «Бани одам аъзои якдигаранд»  Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ,такя карда, калому ҳадафашро ба шунаванда мерасонид.

Ҳамин тариқ, барои мубориза ва пешгирӣ аз хатарот ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбати ташкилоте бо номи кумитаи умумиҷаҳонии муҳофизати Сулҳ таъсис дода шуд, ки намояндагони асосии онро олимон ва равшанфикрони тамоми дунё ташкил медоданд, ки Мирзо Турсунзода дар он чун узви фаъол интихоб шуда, то охири умр мунсифона бо дилу ҷон ва муваффақияти том хизмати пурсамар адо намуд.

Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиавор барои башар суруди Сулҳи Турсунзода бо Садои Осиё пахш шуд ва ҳӯшёриву бедориро ба мардуми олам меовард,

      Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,

      Мавҷи дарё, ғӯрриши баҳри ҳамонро бишнавед.

Воқеан агар ба рӯзгори эҷодии устод Турсунзода инсофона назарсанҷӣ кунем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст, ки натиҷаи ниҳоияш сабабу омили рушди ҳамгироӣ ва пайдо кардани ёрону дӯстони меҳрубону бовафо барои васлу рабти аҳли башар мегардад.

Мавриди зикр аст, ҳамин заҳамоти устод Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ чунин менигорад: «Аввалин бор Турсунзодаро дар соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдем. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар чи адиб муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дӯкондорон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо онҳо бо чашму дил суҳбат мекард. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро халқи худро дӯст медошт. Ҳарчанд ӯ бо забони классикии тоҷикӣ ғазал меофарид, лекин мавзӯҳои онҳо рӯзмарра ва муосир ва марбут ба сиёсат буданд, ки ин корро устод Лоҳутӣ шурӯъ карда буд». Бо ҳамин қадршиносӣ ва меҳрубонӣ Файз Аҳмад Файз дар як ғазалаш бо каломи ширини форсии тоҷикӣ Турсунзодаро чунин васф кардааст,

      Биё ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,

      Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.

      Зи мо рафтӣ валекин пеши олам дар миён ҳастӣ,

      Ва бо мардум, ки мерақсанд дар тарзи суханҳоят…

      Зи ту омӯхтам халқи ҷаҳонро ҳифзи ҷон кардан,

      Китоби дӯстиро дилнишин кардам ба имоят…

Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард, ки «Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем… ва бо тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем».

Бо ҳамин хотир дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода саҳифаи хоссае ба кишварҳои ҷаҳон тасвир ёфтааст, ки дар рушд ва нумуи адабу фарҳанг ва робитаҳои таърих кумак мерасонад ва  даъват мекунад, ки роҳи сулҳу амниятро пеша карду мардуми худро ба суи фардои нек бояд роҳнамоӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, шинохт ва қадрдонии онҳо муҳим арзёбӣ мешавад, то чароғи дӯстии инсонҳо канда нашавад. Ҳамаи ин бузургони адабро метавон чун ифтихорнома ва санади дипломатияи мардумӣ донист, зеро онҳо ҳастанд, ки заминаи равобитро истеҳком бахшида, миёни кишварҳо қарордоди ҳасанаро барқарор месозанд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон робита дошта, дар замони истиқлол муаррифгарони адабӣ ва ходимони ҷамъиятии онҳо заминаи рушди равобити дипломатияи фарҳангии ин кишварҳоро ба вуҷуд оварда, бо ташаббусҳои созандаи худ мақоми хос пайдо кардааст. Хулосаи калом, мо фарзандони Тоҷикистонро  зарур аст, то аз дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлат кору пайкори худ гирифта, бо дуои неки нависандаи бузурги Қирғизистон Чингиз Айматов ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, эҳтиром гузошта,  баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра  саҳмгузор бошем.

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram