РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд

Бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ чорабинии давлатҳои аъзои СММ марбут ба обу иқлим баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Зимни чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои обу иқлим ва роҳҳои нави ҳамкорӣ, чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд дар самти об ва иқлим, аз ҷумла Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28, COP 29), Форуми ҷаҳонии об ва Конфронси оби Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфакоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати иштироккунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

Дар ин росто оид ба омодагӣ ба Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об маълумот дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram