РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” гузаронида мешавад

Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18-уми майи соли 2024, аз соати 18:00 то 23:00, иқдомоти байналмилии “Шабе дар Осорхона” – ро баргузор менамояд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Иқдоми баргузории  барномаи   фарҳангию  фароғатии «Шабе дар осорхона» ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба  таъриху фарҳанги  мамлакат, боло бурдани  ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки баргузории иқдоми «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Русия доир гардид. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор шуд.

Иштироки тамошобинон дар барномаҳои осорхона ройгон аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram