13-уми майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба тандурустӣ: Ифтитоҳи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” ҳамоиш доир гардид, ки дар он вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ, Намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, шарикон оид ба рушд ва намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.
Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода зимни суханронии ифтитоҳӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарикон оид ба рушд барои дастгирӣ ва амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2026 ба соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамзамон доир ба маблағгузории нақшаи чорабиниҳои мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи муҳимияти самтҳои афзалиятноки Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 таҳти рақами №197 тасдиқ шудааст, маълумот пешниҳод намуд.
Тавре гуфта шуд, нақшаи амали мазкур чор самти аз ҳама муҳиму аввалиндараҷаи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва эътинои хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории устувор, низомҳои иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ ва таъмини рушди устувори захираҳои кадриро дарбар мегирад.
Бинобар ин, дар самти аввал ба масъалаҳои такмилу азнавсозии заминаи моддию техникии муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва дастрасӣ ба дору ва ҳавасмандгардонии мутахассисон аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар самти дуюми нақшаи мазкур, яъне маблағгузории устувор – ба баланд бардоштани иқтидори вазорат, ҷорикунонии институтсионалии низоми ҳисобҳои миллии тандурустӣ, таҳияи бастаи ягонаи миллии хизматрасониҳои кафолатдодаи давлат, муайян намудани механизми таъсис ва фаъолияти ташкилоти пардохткунандаи ягона ва такмили механизми хариди давлатии хизматрасониҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса пешбинӣ шудааст.
Самти сеюми нақшаи амал бошад, бештар таҳия ва мавриди истифода қарор додани низоми самараноки иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва густариши низоми тандурустиро бо истифода аз тандурустии рақамӣ, аз он ҷумла, таъсиси низоми электронии назорати эпидемиологии бемориҳо ва таҳкими иқтидори донишкадаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии рақамӣ дарбар мегирад.
Қисмати чоруми нақша бошад, ба таъмини рушди устувори захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ бахшида шуда, он масъалаҳои бисёр ҳам муҳимро, ба монанди таҳияи феҳристи миллии захираҳои кадрии тандурустӣ, таҷдиди назар намудани низоми банақшагирии таъминоти кадрӣ, беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии тиббӣ, такмили низоми таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ ва арзёбии низоми таҳсилоти тиббиро дар ҳамаи зинаҳо фаро хоҳад гирифт.
Дар ҳамоиши мазкур ҳамзамон як қатор меҳмонон низ суханронӣ баромад ва аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҳавасмандии хешро иброз доштанд.