РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Шаҳристон бинои маъмурии ҲХДТ сохта мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сохта мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои сохтмонии иншоот иштирок намуда, ба роҳбарияти ноҳия барои бо сифати баланд бунёд намудани бино супоришҳо дод. Маълумот дода шуд, ки иншооти мазкур тариқи ҳашар аз тарафи аъзои ҳизб ва кулли мардуми шарафманди ноҳия бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад.

Мувофиқи лоиҳа бино дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар утоқҳои ёрирасон аст. Масъулин азм доранд иншооти мазкурро бо сифати баланд ва риояи ҳатмии талаботу меъёри бинокорӣ соли равон сохта ба истифода диҳанд.

КИ ҲХДТ дар ноҳия 3857 аъзо дошта, фаъолияти густарда дорад ва саҳми кормандон ва аъзои он дар пешрафти ҷомеа ва анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ назаррас мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари шаҳру ноҳияҳо биноҳои маъмурии ҲХДТ сохта шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Деваштич,

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram