Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии амнияти ҳаставӣ (ICONS), ки аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) 20-24 майи соли 2024 дар шаҳри Вена ташкил шудааст, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ф. Шарифзода дар бораи сатҳи таъмини амнияти ҳаставӣ дар кишвар, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, инчунин ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд маълумоти муфассал дод.