Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон монографияи олими ҷавон Саидзода Шодонаи Иброҳим таҳти унвони “Инъикоси сиёсати давлатии ҷавонон дар барномаҳои телевизиони тоҷик” чоп шуд.
Монография нақш ва ҷойгоҳи сиёсати ҷавононро дар низоми давлатдорию пешрафти кишвар баррасӣ мекунад ва ҳамчун манбаи иттилоотию таҳлилӣ ба доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.
Монография таҳти назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён нашр шуда, ба он Муҳридддин Низомӣ, Абдулмуъмин Қутбиддинов, Шариф Муллоев ва Хушдил Раҳимҷон тақриз навиштаанд.
Бояд гуфт, ки сиёсати ҷавонпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии вазъи илму маориф ва расидан ба ин ҳадафҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст.