РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис ифтитоҳ гардид

Имрӯз бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Easybooking» ва ширкати «FLY TJ» нахустин парвози мустақим дар хатсайри Душанбе-Тифлис анҷом дода шуд, ки он уфуқҳои сайёҳии байналмилалиро барои сокинони Тоҷикистон фарох менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис 189 рӯзноманигор ва блогери ҷумҳурӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва шиносоӣ бо маконҳои тамошобоби Гурҷистон ба ин давлат сафар намуданд.

Тавре масъулин зимни муаррифии хатсайри нав изҳор доштанд, хатсайри Душанбе-Тифлис бо мақсади шиносоии сокинони ҷумҳурӣ бо минтақаҳои сайёҳии Гурҷистон ва мустаҳкам кардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram