21-уми майи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Лондон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ зимни суханронии худ вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба масъалаҳои донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Британияи Кабир, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва нақши он дар илмомӯзии ҷавонон, риояи тартибот дар кишварҳои хориҷ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, дастовардҳои назарраси онҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи давлату миллат, фаъолияти минбаъдаи онҳо дар сохторҳои кишвар ва нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ишораҳо намуд.
Қайд гардид, ки донишҷӯёни тоҷик дар байни шаҳрвандони хориҷӣ тибқи мониторинге, ки аз ҷониби муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷ гузаронида шудааст, дар азхудкунии барномаҳои таълимӣ мақоми аввалро соҳиб гардидаанд, ки ин боиси ифтихор аст.
Дар охир миёни вазири маориф ва илм ва донишҷӯёни тоҷик суҳбати гарму озод сурат гирифта, вазири маориф бо вазъи буду бош ва таҳсили донишҷӯён ошноии комил пайдо намуд.
Аз ҷониби донишҷӯён фикру пешниҳодҳои судманд ироа гардид.